Пурсишхои маъмули  

Хама чиз дар бораи хаёт, тахсил ва кори илми дар Олмон

 

Дар бораи тахсил дар Олмон аз кучо донистан мумкин?

Пеш аз хама ба Шумо лозим аст, ки ба маркази иттилоотии DAAD дар Душанбе мурочиат кунед.

Ин чунин мо ба Шумо як катор сайтхоеро пешниход мекунем, ки аз онхо метавон иттилооти кофи дар бораи гирифтани маълумот дар Олмонро дастрас намуд:

www.daad.de - Веб-сайти расмии DAAD дар шахри Бонн

www.hochschulkompass.de - Иттилоот дар бораи донишгоххои Олмон

www.campus-germany.de - Иттилооти умумu дар бораи тахсил дар Олмон

www.stiftungsindex.de - Идрорхо барои тахсил дар Олмон

www.uni-assist.de - Имкониятхои нави чустучуи идрорхои Олмон

www.daad.de/idp - DAAD: International Degree Programmes in Germany

www.studentenwerke.de - Бунеди ичтимоии донишчуёни Олмон

www.internationale-studierende.de - Иттилоот барои донишчуёни хоричи

www.dfg.de - Чамъияти тадкикотии Олмон

www.inwent.org - InWEnt - Ташкилоти такмил ва инкишофи байналмиллали


www.funding-guide.de

DAAD барои хохишмандон аз тамоми чахон дар интернет пешниходи барномахои идрории худро васеътар намудааст: ба сифати иловахои нав ба барномахои DAAD имкониятхои хамкории дигар ташкилотхо ба донишчуён, хатмкунандагон ва аспирантхо нишон дода мешавад. Бинобар шумораи номуайяни барномахои идрори барои хохишмандон аз хорича DAAD 100 имконияти гирифтани идрорхоро дар 50 ташкилотхои идрори интихоб ва тартиб додааст.
Шўъбаи дида баромадани аризахо барои тахсил дар Олмон


www.daad.tj - Маркази иттилоотии DAAD дар Душанбе

Барои дохил шудан дар мактаби олии Олмон кадом сатхи маълумот лозим аст?

  • Пешаки барои худ муайян кунед, ки чиро, чи гуна ва дар кучои Олмон тахсил кардан мехохед

  • Бо шуъбаи байналхалкии (Akademisches Auslandsamt) мактаби олии интихобкардаи худ робита баркарор кунед

  • Мактаби олии Олмон тафтиш мекунад:

  1. Дониши Шуморо аз руи ихтисос

  2. Дониши Шуморо аз забони олмони ва ё англиси

  • Шумо маълумот оид ба кабул дар донищгох мегиред (Zulassungsbescheid)

  • Аз Шумо визаи ДОНИШЧУИ талаб карда мешавад

  • Агар Шумо хохед, ки унвони “доктор”-ро гиред(баробар ба унвони точикии “номзади илмхо”), пас барои дохил шудан дар аспирантура ба Шумо хатман дипломи донишгохи дар бораи маълумоти оли лозим аст, мисли дипломхое, ки донишгоххои Олмон медиханд. Масъалаи мувофикат кардани дипломхо аз чониби хар як донишгох алохида хал карда мешавад ва барои халли ин масъала бояд ки рост ба донишгох мурочиат намуд. Дар ин замина хангоми пайдо шудани мушкилот ба Муассисаи марказии тахсили хоричи дар назди конференцияи доимии вазирони таълим ва фарханги заминхои федерали (КМК) мурочиат кунед: http://www.kmk.org/zab/home.htm

  • Агар Шумо ба Олмон барои гузаронидани тадкикоти илми рафтан хохед, он гох хамагуна масъалахои шарту шароити кори худро бояд бо он донишгох ва ё муассисаи илмие, ки Шуморо даъват мекунад хал намуд.

  • Тахсили худро аз руи барномаи маълумоти баъд аз дипломи (Aufbaustudium/Master Programm) ба накша гирифта, ин ро ба назар гиред, ки ин гуна барномахо доштани маълумоти олиро(бо гиривтани ин ё он унвони академики(илми) талаб мекунад.

  • Довталабони хоричи ва олмони ба курси пурраи маълумоти оли барои гирифтани маълумоти муайян рох дода мешавад. Роххати бевоситаро Шумо хамон вакт мегиред, ки агар аттестат оид ба маълумоти миёнаи Шумо бо аттестати олмони баробар эътироф карда шавад. Мутаасифона, дар холати мувофик наомадан (масалан, бо аттестатхои кишвархои ИДМ) лозим меояд, ки маълумоти олиро дар ватан огоз намуд(ду сол) ва танхо пас аз он бо супоридани имтихони ихтисоси („Feststellungsprüfung“) ба мактабхои олии Олмон дохил шудан мумкин аст. Инчунин мукин аст, ки пас аз як соли тахсил дар донишгох ба курсхои тайёри дар Олмон дохил шуд (Studienkolleg). Ариза барои дохил шудан ба курсхои мазкур ба воситаи мактаби олие дода мешавад, ки Шумо мехостед дар он тахсил кунед. Барои гузаштани курсхои тайёри Шуморо лозим аст, ки сатхи кофии дошиши забони олмониро тасдик кунед. Хадди акал ин бояд. Ки "Zertifikat Deutsch als Fremdsprache" бошад.

  • Барои дохил шудан ба барномахои таълими ба баъзе ихтисосхо, махсусан ихтисосхои эъчоди(санъат, хайкалсози, мусики ва гайрахо) хангоми имтихони дохилшави намоиш додани кобилиятхои адаби ва эъчоди талаб карда мешавад („Einstufungsprüfung“)

  • Test für Ausländische Studierende“ / „Test for Academic Studies“ - яъне TestAS. Навиштани ин тест яке аз шартхо барои дохилшави ба донишгоххои Олмон мебошад. Тест бо забонхои олмони ва англиси пешкаш карда мешавад.

Оё дар мактаби олии Олмон барои мухлати кутох ва ё курсхои тобистона тахсил кардан мумкин аст?

Албатта, дар мактаби олии Олмон барои тахсили кутохмуддат омадан мумкин аст. Дар Олмон собикаи тахсиливу илми ва мубодилаи донишчуён ба муддати аз як то якчанд семестер дар доираи созишномахои донишгохи оид ба хамкори ва мубодила хеле машур аст.

Бисёре аз мактабхои олии Олмон инчунин мактабхои тобистона мегузаронанд (Hochschulsommerkurse). Ба гайр аз курсхои анъанави оид ба забони олмони, адабиёт ва кишваршиноси интихоби хеле хам васеи мавзуъ ва фаннхо пешниход карда мешавад. ДААД хар сол брошюрахоро бо руйхати курсхои тобистона дар мактабхои олии Олмон пешниход мекунад. Дар маркази иттилоотии DAAD Душанбе Шумо метавонед иттилооти иловагиро лозимиро дар бораи мактабхои тобистона дастрас намоед.

Чи гуна ба аспирантураи Олмон дохил шудан мумкин аст?

Агар Шумо алакай маълум намоед, ки рисолаи Шумо ба чи бахшида мешавад, пас Шуморо лозим аст, пеш аз хама профессори олмоние ёбед, ки рози бошад кори дипломии Шуморо рохбари намояд. (Doktorvater или Doktormutter). Барои осонии кофтани профессор вар обита кардан бо у, аз воситахои муосири иттилоот, монанди Интернет ва почтаи электрони истифода баред. Гайр аз ин барои он ки профессори олмони ёбед, аз Шумо талаб мекунанд, ки худро барои иштирок кардан дар дарсхои барномахои «Доктории» ба кайд гиред(яъне хамчун аспирант). Пешаки донистан лозим аст, ки шаходатномаи маълумоти олие, ки Шумо доред, хукуки иштирок дар аспирантураро медихад ё не?

Вактхои охир дар донишгоххои олмони барномахои бисёртари махсус барои донишчуёни хоричи ташкил карда шудааст, ки мехоханд барои навиштани рисола ба Олмон биёянд. Курсхои махсуси омодаги, машваратхо ва шароитхои хуб барои кори тадкикоти пешниход карда мешавад. Курсхои забони олмони, барномахои зичи таълими мушкилоти забониро хал мекунанд ва хатто боиси навиштани рисола бо забони олмони ва англиси ва ё дигар забони муоширати байналмиллали мегардад.

Барномахо барои хоричиён инхоро дар бар мегирад:

  • Дастгирии машварати-иттилооти дар давоми таълим

  • Бастани шартномахо дар доираи созишномахои дутарафаи байналхалки байни мактабхои оли

  • ”Коллеч барои аспирантхо”

Талаботхои забони

Чун коида таълим дар мактабхои олии Олмон бо забони олмони аст. Сатхи донистани забони олмони, ки барои таълим дар аспирантура талаб карда мешавад, аз ихтисос вобаста аст. Донишхои муайяни забони  хатми аст, вале баъзан рисоларо бо забони англиси ва ё дигар забон навиштан  мумкин аст. Иттилооти иловагиро дар бораи ин масъала метавонед аз мактаби олии интихобкардаи худ гиред.

Нишон додани дониши забони хамон вакт лозим мешавад, ки агар Шумо ба курси пурраи таълим ва ё аз руи барномаи тахсили баъд аз дипломи (Aufbaustudium) дохил шудан мехохед.

Имтихони стандартии умумиэътирофшудаи TestDaF (Deutsch als Fremdsprache- «забони олмони хамчун забони хоричи ») монанд ба тести англисии TOEFL сохта шудааст, ки онро метавон дар шахри Душанбе супурд. Ин тест хар сол ду маротиба гузаронида мешавад. Барои он ки дар тест иштирок намоед, бояд ки пешаки дар маркази иттилоотии DAAD дар Точикистон худро ба кайд гиред. Хукук ба тахсилро сертификате медихад, ки тасдик мекунад сатхи чорум чор кисми онро гузаштаед(«TestDaF-Niveaustufe 4»). Вале баъзе аз донишгоххо метавонанд бо сертификати начандон баланд каноат кунанд.

Инчунин дигар имтихонхое хам хастанд, ки супурдани он хукук ба тахсил дар мактабхои олиро медиханд:

  • Имтихон барои гирифтани сетрификати „Deutsches Sprachdiplom der Kultusministerkonferenz – Zweite Stufe“ , ки онро дар гимназияхои олмонии дар хорича карор дошта супурдан мукин аст. Дар Точикистон имтихон барои гирифтани DSD – ро дар гимназияи махсусгардонидашудаи Хучанд бо номи Гёте ва ё дар мактаби миёнаи №89 –и шахри Душанбе супурдан мумкин аст.

  • Имтихони DSH („Deutsche Sprachprüfung für den Hochschulzugang ausländischer Studienbewerber“) – ро дар худи мактабхои олии Олмон месупоранд.

  • „Feststellungsprüfung“- имтихони аз руи ихтисос бо забони олмони-маънои кифоя донистани  забони олмониро дар мактабхои олии Олмон дорад.

  • Дар институти бо номи Гёте  дар Тошканд Шумо метавонед ду имтихон супоред:

1)       C1 ки, хукуки дохил шудан ба баъзе аз мактабхои олии Олмонро медихад

2)       C2 – бошад ба хамаи донишгоххо.

  • Барои ташрифхо ва тадкикотхои кутохмуддати таълими ва тачрибави (масалан, барои корхои тадкикоти дар муддати ним сол-як сол ва ё дар курсхои тобистонаи мактаби) ягон хул талаботхои расми нисбати донистани забони олмони пурсида намешавад. Вале ба хар хол то андозае донистани забон, албатта ба Шумо умуман халал намерасонад, хар чанд ки ин расман талаб карда намешавад. Чунки барои муомила бо шариконодатан кофи аст, ки бо забони англиси сухбат кунанд.

  • Инчунин хатман донистани забони олмони барои тахсил дар International Degree Programms, низ талаб карда намешавад, чунки таълим дар он хадди акал дар семестри аввалин бо забони англиси гузаронида мешавад. Аммо дар ин маврид, донишхои лозимии забони англиси зарур хастанд. (official TOEFL-www.toefl.org)

Барои баланд бардоштани сатхи забондони дар шахри душанбе курсхои гуногуни забони мавчуд хастанд:

Маркази омузиши забони олмони дар Маркази фархангии «Бохтар»

Маълумот барои тамос:
Tanja Fisher, тел: +(992 98) 548-40-16
David Ruschke, тел: +(992 98) 504-23-47
e-mail: slz.duschanbe@gmail.com
http://www.bactria.net/slz

Сурога: кучаи. ак. Рачабовхо 15, (собик идораи ACTED) - ру ба руи бинои стоматологияи кудакона, Донишгохи техникии Точикистон
Телефон барои тамос:
+(992 37) 251-01-12, 221-92-89

Кадом намуди ихтисосхо дар мактабхои олии Олмон дода мешаванд?

Дар асоси просесси Болони мактабхои олии Олмон ба системаи байналхалкии маълумоти оли табдил мешаванд ва аз руи хатми аксари барномахои таълими унвонхои байналхалкии бакалавра ва  магистра медиханд. Вобаста ба сохаи илм, номгузории ин унвонхо метавонанд гуногун бошанд:

  • Bachelor of Arts “ (BA) ваMaster of Arts” (MA)- забоншиноси(лингвистика), фархангшиноси, хукукшиноси, иктисод, санъатшиноси, илмхои чамъияти

  • Bachelor of Science” (BSc) ваMaster of Science” (MSc)- риёзи(математика), табиатшиноси, тибб, тибби хайвонот, заминшиноси(агрономия), чангалбони(лесоводство), корхои мухандиси

  • “Bachelor of Business Administration” (BBA) ва “Master of Business Administration” (MBA)- иктисод ва маъмурияти расми

  •  “Bachelor of Computer Science” ва “Master of Computer Science”- илмхои компютери

  • “Bachelor of Social Work” ва “Master of Social Work”- корхои чамъияти ва педагогикаи ичтимои

Азбаски Олмон ба Шаходатномахои Байналмиллалии Маълумоти Оли (ШБМО) мегузарад, муддати тахсил дар донишгоххо дигаргун мешаванд:

Хохишмандоне, ки хамчун муаллим кор кардан мехоханд, бояд имтихони давлати супоранд. Аммо аллакай аввалин донишгоххо пайдо шудаанд, ки ба муаллимон дарачаи Bachelor ё Master - ро медиханд.

Курси лозимиро дар магистратура чи гуна ёфтан мумкин аст?

·         Пешаки иттилоот оид ба барномахои магистратураро аз руи ихтисоси худ  дар сахифаи интернетии зерин ёбед:

www.hochschulkompass.de  (- Studienmöglichkeiten - weiterführendes Studium) ва ё бо забони англиси: www.higher-education-compass.de   (- Degree programmes - Degree programmes)

      ва ё дар сахифаи интернетии DAAD: www.daad.de/idp

·         Ба шартхои кабул диккат дихед (донистани забони англиси, тачрибаи кори, пардохти таълим)

·         Ба мактаби олие, ки курси дилхохро пешниход мекунад мактуб нависед (дар шуъбаи кор бо донишчуёни хоричи ва ё дар сурогаи иртиботиё, ки барои магистратура навишта шудааст)

Дар нома нишон дихед, ки:

·         Кадом ихтисосро хондаед(мехонед) ва кадом хуччат оид ба маълумотро доред(мегиред)

·         Кадом забонхои хоричиро медонед (Сертификат?)

·         Шумо мехостед аз семестри тирамохии соли оянда дар дар курси мазкур тахсил кунед

·         Ихтисоси шумо барои тахсил дар ин курс кофи аст

·         Агар мактаби оли фиристодани нусхахои хуччатхои маълумотиатонро хохиш кунад, илтисос ин корро кунед  

Дар Олмон чанд муассисахои олии мактаби мавчуд аст?

Дар тамоми олмон 324 муассисахои олии мактаби мавчуд хастанд. Маълумот дар донишгоххое, ки шухрати баланди байналхалки доранд, аз руи принсипи «ягонагии фаъолияти илми ва таълими » сохта шудаанд ва тадкикотхои асоси ва тачрибавиро бо хам мепайванданд. Замонавияти онхо хусусан ба воситаи машхур будани созишномахо оид ба хамкори бо муассисахои хоричии илми ва таълими ифода меёбад, ки бе Шубха муваффакиятхои касбии хатмкунандагонро зиёд мекунад.

Барои онхое, ки кушиши олим шудан надоранд, маълумоти сифати оли доштаи академики, “Донишгоххои илмхои амали” (Fachhochschulen, ки онхоро боз Universities of applied sciences низ меноманд) пешниход мекунанд. Дар ин муассисахои олии мактаби, ба баробари таълим додани донишхои назарияви, ахамияти калон ба тачрибахои амали дода мешавад, ки донишчуён хангоми тачрибаомузи дар фирмахо, ташкилотхои чамъияти, дар муассисахо ва гайрахо ба даст меоранд.

Барои шахсони эчодкор дар Олмон 53 мактабхои олии фарханг, мусики ва кино мавчуданд, ки ба онхо ба тарики имтихонхои махсуси дохил шудан мумкин аст. Дохилшави ба ин мактабхо душвор бошад хам, сифати тахсил хеле баланд аст.

38 академихои мутахассисии Олмон (BA) мактаби оли ба хисоб намераванд, аммо диплом ва шаходатномахои онхо кисман ба дипломхои Донишгоххои илмхои амали баробар карда мешаванд. BA ба донишчуёнаш имконият медихад, ки дар баробари гирифтани маълумоти мутахассиси,  дар курсхои махсуси иктисодиёт, техника иштирок карда метавонанд. Аммо дар академияхо танхо шахсоне тахсил карда метавонанд, ки бо ягон корхона шартнома баста бошанд, ки ин ба онхо имконияти хуберо барои ёфтани кор пешкаш мекунад.

Барои шахсоне, ки барои тахсил дар як семестр аз 1800 то 4700 евро супорида метавонанд, дар Олмон донишгоххои шахси мавчуданд, ки дар ин чо дар гуруххои хурд дар вакти камтар тахсил намуда, ба гайр аз ихтисоси интихобкарда, фаннхои иктисодиро хам аз худ кардан мумкин аст. Аммо на хама донишгоххои шахси ба талаботхо чавобгу мебошанд. Аз ин ру, бояд муайян кард, ки оё онхо аккредитатсияи давлати доранд, вагарна дипломи чунин донишгоххо ба назар гирифта намешавад.

Хамин тавр, Шумо интихоби зерин доред:

·         118 донишгох, аз чумла техники, дини ва донишгоххое, ки бо муассиасхои мактабии омузгори ва дигар муассисахо муттахид карда шудаанд ва дар ончо зиёда аз 1, 3 миллион донишчу тахсил мекунанд

·         154 донишгохи илмхои амали (зиёда аз 400 хазор донишчу)

·         53 мактабхои олии рассоми, мусики ва кинематография (таккрибан 30 хазор донишчу)

  • 38 академияхои мутахассиси

  • 69 донишгоххои шахси

“Коллеч барои аспирантхо” чист?

 «Коллеч барои аспирантхо» (Graduiertenkolleg)- ин сохтори таълими дар баъзе аз донишгоххои Олмон мебошад, ки барои тайёр кардани шахсони дорои унвони илми (Graduierte) нисбати химояи рисола барои гирифтани унвони «доктор» бахшида шудааст. 15-25 аспирант ва 8-15 олим аз руи унвон ба гуруххо нисбати коркарди ягон мавзуъ тахти рохбарии профессори олмони муттахид мешаванд. Барои тахсилкунандагони «коллеч» барномаи махсуси курсхо, машварати иловагии профессорхо ва баъзан грантхои махсус низ пешниход карда мешавад.

Оё ба ман раводид лозим аст ва ман онро чи гуна гирифта метавонам?

  • Шахрвандони ИДМ(СНГ) бояд, ки дар сафоратхона ва ё консулгарии Олмон “раводиди донишчуи” бигиранд. Чун коида, аз шумо чунин чизхоро талаб мекунанд:

  1. Тасдикномаи роххат оид ба тахсил дар муассисахои мактабхои олии Олмон ва ё “коллечи тайёрии пешаздонишгохи” (Studienkolleg) ё ин ки дар бораи супурдани имтихони забони олмони дар ягон мактаби оли.

  2. Тасдикномаи он ки , Шумо истикомати худро дар Олмон хангоми тахсил маблаггузори карда метавонед.

  3. Хамкории Консулгарии Сафоратхонаи Олмон ва Маркази Иттилоотии DAAD
    Бо хамаи хохишмандоне, ки максади дар Олмон тахсил кардан ё забон омухтан доранд, Маркази Иттилоотии DAAD дар хамкори бо консулгарии Сафоратхонаи Олмон сухбати маслихатии (консультатсия) бепул гузаронида метавонад. Дар асоси ин сухбат протокол ташкил карда мешавад, ки он барои дастраси виза ёри дода метавонад
  • Оид ба хамагуна саволхоятон нисбати гирифтани раводид(виза), ба шуъбаи раводиди сафоратхонаи Олмон дар Точикистон мурочиат кунед. (Сурога: ш. Душанбе кучаи Сомони 59/1, тел: 221-21-89, 221-21-98)

Оё барои тахсил кардан маблаг супурдан лозим аст?

То ба наздики кариб аксарияти мактабхои олии Олмон амалан пурра аз чониби давлат маблаггузори карда мешуданд ва аз хонандагон маблаг ситонда намешуд. Факат баъзе аз барномахои баланд бардоштани унвон (МВА ва гайрахо) пулаки буданд, вале ба ин шумора чун коида “барномахои доктори” (аспирантура)дохил намешуданд. Имруз бошад, бисер донишгоххои Олмон ба тахсили пулаки гузашта истодаанд ва аллакай аз семестри зимистонаи 2006-2007 нархи тахсил дар донишгоххо баланд шуда метавонад.

Иллилооти иловаги оид ба харачотхо ва пардохтхо (монанд ба пардохтхои «семестрона» ва «маъмури», роххатхои донишчуи), ки пардохташ хамвора ба зиммаи донишчуён аст, дар сайти зер оварда шудааст: http://www.studis-online.de/StudInfo/GEbuehren

Хадди акали харачотхои истикомати дар Олмон чи кадар хастанд?

Харачотхои зиндаги дар Олмон пардохтхои чои истикомат, харачотхои хурока, сару либос ва шустушуи он, ашёхои гигенаи шахси, наклиёт, маводхои таълими, дорувори, телефон ва билоохира харачотхои вобаста ба истирохатро дар бар мегирад. Ба хисоби миёна онхо такрибан 600 евро дар як мох мебошад.

Одатан донишчу хар мох 250 евро барои чои истикомат, 86 евро барои наклиёт 37 евро барои маводхои таълими, 50 евро барои алокаи телефон, интернет, радио ва ТВ, 60 евро барои сугурта, 160 евро барои хуроквори ва 57 евро барои либос ва гигиенаи шахси харочот мекунад, ки ин 700 евроро, ба гайр аз харочот барои худи тахсил, ташкил мекунад. Хар як донишчуи хоричи бояд дар суратхисобаш беш аз 585 евро дар як мох дошта бошад.

Бояд инро ба назар гирифт, ки ин нархномахо шарти мебошанд. Вобаста ба пурсишхои Шумо, шароити шахси, шароити донишгох, шахр, ва гайрахо харачотхо метавонанд аз якдигар тамоман фарк кунанд. Масалан дар шахрхои калон, монанди Мюнхен ва ё Гамбург, нисбат ба шахрхои хурди донишгохи харачотхои бештар сарф карда мешавад.

Чи гуна идрор(стипендия) ва ё бурс(грант) гирифтан мумкин аст?

Хазина ва ташкилотхои зиёде мавчуданд, ки ба ончо барои дастгирии молияви мурочиат кардан мумкин аст. Барномахои бисёртари идрориро Хадамоти Мубодилаи Илмии Олмон (ДААД) пешниход мекунад. Вале ба идрорхои ДААД танхо донишчуёни курсхои болои ва онхое, ки алакай маълумот гирифтаанд мурочиат карда метавонанд. Дигар хазина ва барномахо идрорхоро аз руи коида ва шартхои гуногун пешниход мекунанд. Аммо маблаггузори дар тамоми даврахои таълим амалан пешниход карда намешаванд.

Сурогахои баъзе аз хазина ва ташкилотхое, ки дастгирии молияви дар сохаи маълумотро пешниход мекунанд:

Руйхати бунёд ва ташкилотхои гуногун.

www.funding-guide.de

Бунёди Ого Хон
(Онхое ки ичозатномаи донишгохи Олмонро доранд, метавонанд бо кумаки молиявии ин бунёд тахсил намоянд)


Studienstiftung des Abgeordnetenhauses von Berlin

Идрорхои Донишгохи Берлин бо номи Хумболт барои аъзоёни оилахое, ки аз фашизм зарар дидаанд

Идрорхои бунёди Хумболт барои олимон

Идрорхои Герда Хенкел барои пажухишгарони таърихшинос

Theodor-Heuss-Kolleg

Studienkolleg Berlin

Идрорхои чамъяти бо номи Коперник барои донишчуён

Идрорхо барои донишчуён дар шахри Берлин

Word University Service

Идрори Иттиходи Аврупои - Erasmus Mundus

Маркази Мактабхои Олии Бавария

Чи гуна метавон хонаи истикоматии лозимиро пайдо намуд?

Дар бисёре аз мактабхои олии Олмон кампусхо(хонаи донишчуён) мавчуд нест ва донишчуён ва донишчуён бояд, ки худашон бо пайдо намудани хонаи истикомат машгул шаванд. Шумо метавонед эълонхоеро, ки ба донишчуён дар сектори хусуси истикомат карданро пешниход мекунанд аз лавхахои муассисахои мактабхои олии худ, хазинаи ичтимоии донишчуён(Studentenwerk), дар макомотхои худидораи донишчуён ва ё дар шуъбаи муносибатхои байналхалки (Akademisches Auslandsamt) пайдо карда метавонед. Инчунин дидани матбуоти махалли низ аз манфиат холи нест. Шумораи чойхо дар хонахои донишчуён махдуд аст ва хохишмандон бинобар арзонии он хеле зиёд аст. Бинобар ин агар хохед. ки ба хонахои донишчуён истикомат кунед, бояд ки хар чи барвакттар ба муассисаи мактаби олии бо ин хохиш мурочиат намоед.

Бехтар аст, ки бо чустучуи чои истикомат пеш аз сафар ба Олмон машгул шуд. Дар сайти мактабхои оли хамавакт робитаи хазинаи ичтимоии донишчуён нишон дода мешавад. Ки дар ончо метавон барои чой худро ба кайд гирифт.

Байни донишчуёни олмони якчоя ичора гирифтани хучра барои якчанд кас хеле машхур аст. Шумо хамавакт метавонед хамавакт чунин эълонхоро дар дчунин «коммунахо» (Wohngemeinschaften, WG) пайдо намоед.

www.wg-gesucht.de

www.internationale-studierende.de

 
 
Kontakt © DAAD

Тавсияхои муфид ба довталабони идрорхои  DAAD