Омухтани забони олмони  
Омузиши забони олмони дар Точикистон

Шумо ба хулосае омадед, ки забони олмони омузед, вале намедонед, ки дар кучо?
Дар шахри Душанбе ба гайр аз факултетхои забони олмони, инчунин имкониятхои зерини омузиши забони олмони вучуд дорад:

  • Курсхои омузиши забони олмони дар Маркази омузиши забони олмони барои навомузон ва идомадихандагон.
    Маълумот барои тамос:

    (+992 37) 227 40 02
    (+992 44) 625 40 02
    slz.duschanbe@gmail.com
    www.slz-duschanbe.tj
    skype: slz.duschanbe
    Сурога: кӯчаи Бухоро 23, Душанбе 734042
     

  • Омухтани забони олмони дар Хоруг: Шуъбаи кафедраи забони олмони: Teл. 24958
    Курсҳои забони олмонӣ дар Донишгоҳи Осиёи Миёна
    Курсҳои забони олмонӣ дар сатҳи А1 ва А2 аз 90 соати академӣ иборат буда, нархи онҳо ба 320 сомонӣ баробар аст. Дар ҳар як гурӯҳ то 15 нафар таҳсил карда метавонанд. Дарсҳо 6 соати академиро дар як ҳафта дар бар мегиранд. Ҳангоми бақайдгирии иштирокчиён тест барои муайян намудани сатҳи дониши забони олмонӣ гузаронида мешавад. Дар машғулиятҳо маводи дарсии нашриёти Cornelsen  Studio D A1/A2 истифода бурда мешавад. Хатмкунандагони курсҳо тести имтиҳонотӣ месупоранд.
    Ба хоҳишмандон имконияти дар ду қисм пардохт намудани маблағи курсҳо (320 сомонӣ) фароҳам оварда мешавад.

    Барои маълумоти муфассалтар ба мо муроҷиат кунед:
    кӯчаи Ленин 126, SPCE UCA дар ш. Хоруғ, E-mail: SPCE.Khorog@ucentralasia.org
    Тел.: 2-22-77/2-34-27 (илова 103)
     

  • Омухтани забони олмони дар Кургон-Теппа: Маркази Олмон дар назди богчаи кудакони
    20, наздики Студияи телевизиони ва мактаби
    11 Тел.:(8 3222) 3-19-82; E-mail: laternekt@yandex.ru
     

  • Омухтани забони олмони дар Хучанд:
    1) Курсхои омузиши забони олмони дар Хуҷанд бо дастгирии Маркази омузиши забони олмони дар ш.Душанбе: ул. Ф. Энгельса 36, Tel. 93 414 40 02
    2) Кафедраи забони олмонӣ назди Донишгоҳи давлатии ш. Худжанд: Матлуба Сулаймонова: ((37) 227 63 13 212, 223 12 51, 93 500 03 25),  s_matluba@yahoo.de

Инчунин аз руи имконият шуъбахои забони олмонии донишгоххои худро барои гузаштани забони олмони бипурсед

Китобхонаи маълумотии лекторони DAAD

Дар Маркази иттилоотӣ китобхонаи хурде вуҷуд дорад, ки омӯзгорон ва омӯзандагони забони олмонӣ аз он қисман истифода карда метавонанд.

Файли Excel бо номгӯи ҳамаи китобҳо, ки ба қисмҳои беллетристика,
маҷмӯаҳо (ашъори лирикӣ ва наср), адабиёти илмӣ, забони олмонӣ ҳамчун забони хориҷӣ,
филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ: Download

Курсхои забони олмони дар Интернет

Бо ин сахифаи интернети Шумо имкон доред, забони олмонии худ (ва албатта забони точикии худ низ)-ро бехтар кунед ва дар бораи фархангу менталитети хар дуи миллатхо иттилооти зиёди фоиданок пайдо намоед

Агар хохед, ки забони олмониро ба воситаи Интернет омузед, дониши забони олмонидонии худро бехтар кунед ва ё тести забони олмониро гузаред, мо ба Шумо сайтхои зеринро тавсия мекунем, ки бо он метавонед курсхои забони олмони, машкхо,тестхо ва гайрахоро ёбед:

Зери сахифаи интернетии www.daf.in ройгон маводхои зиёди таълими, ёри ва омузиши мустакилонаи забони олмониро дастрас намудан мумкин аст.

Онхое ки германистика мехонанд, инчунин онхое, ки ба он шавк доранд метавонанд бо нишонихои зерин хабархоро дар бораи забон ва адабиёти олмон дастрас кунанд:

Вакте, ки Шумо мехохед бо мардуми тамоми чахон муошират кунед ва бо ин рох донишхои забонии худро бехтар намоед, бо ин сахифахои интернети Tandemparter пайдо намоед:

Мачаллахо барои омузгорони забони олмони ва барои онхое, ки забони олмониро меомузанд.

Забони олмони дар Олмон

Курсхои омузиши забони олмони дар донишгоххои Олмон

Донишгоххои Олмон курсхои хеле зиёди омузиши забонро пешниход менамоянд. Онхоро аз руи хусусияташон ба чунин гуруххо чудо кардан мумкин аст: курсхои тобистона (Hochschulsommerkurs) ва курсхои тайёркунанда ба тахсили оянда дар донишгох (DSH-Vorbereitungskurs ё Studienvorbereitender Deutschkurs).  Раводиди сафари барои иштирок дар чунин курсхо, аз руи коида, ба муддати то 3 мох дода мешавад. Курсхои тайёркунанда ба тахсил дар донишгох одатан зиёда аз 3 мох давом мекунанд.

Чи тавр ман дар курсхои тобистона иштирок карда метавонам?

 ·         Пеш аз хама курси мувофикеро дар ягон донишгохи дилхохи Олмон ёфтан лозим аст. Барои ин аз сайтхои зерин истифода бубаред:

www.summerschools-in-germany.de

www.summerschools.de

http://www.daad.de/deutschland/deutsch-lernen/sommerkurse/00490.de.html

·         Бо шахсони масъули курсхои интихобкардаатон ба тамос баромада, аз онхо анкета-дархостро дастрас намоед.

·         Баъдан арзиши курсхо ва чои зистро пардохт намудан лозим аст (нархи курсхои омузиши забон такрибан аз 300 то 700 евро барои 3-4 хафта муайян шудааст; арзиши чои зист аз арзиши курсхо чудо пардохт карда мешавад ва такрибан ба 150-300 евро баробар аст).

·         Донишгох ба Шумо мактуб-даъватномаеро мефиристад, ки дар асоси он Шумо метавонед хуччатхоятро ба Сафорати Олмон дар Душанбе барои гирифтани раводид супоред.

 
Дониши ибтидоии забони олмони яке аз шартхои асоси барои гирифтани раводид мебошад
!

Чи тавр ман дар курсхои тайёркунанда назди донишгох  иштирок карда метавонам?

Ин курсхо барои он шахсоне лозиманд, ки дар донишгохи Олмон тахсили худро давом доданианд, аммо барои дохилшави ба донишгох дониши забони олмониашон кофи нест. Шарти асоси: хатми 2 курс дар яке аз донишгоххои Точикистон.

  • Барои худ муаян кунед: кадом ихтисосро дар кадом донишгохи Олмон омухтан мехохед? Ба Шумо сайтхои зерин ёри мерасонанд:

www.hochschulkompass.de  (ба забони олмони)

      www.higher-education-compass.de (ба забони англиси)

  • Бо намояндагони шуъбаи корхои хоричии донишгох (Akademisches Auslandsamt) ё бо хадамоти махсуси uni-assist (www.uni-assist.de) ба тамос баромада, аз онхо руйхати хуччатхои лозимиро дастрас намоед. Ба ин хуччатхо одатан пеш аз хама нусха ва тарчумаи боварикардашудаи шаходатнома дар бораи маълумоти миёна, маълумотнома дар бораи тахсил дар донишгох, хуччатхо оиди дониши забони олмони, ва ариза.-дархост дохил мешаванд, лекин мувофики хохиши донишгох, аз Шумо боз дигар хуччатхо талаб карда шуда метавонанд. Ичозат барои иштироки Шумо дар курсхои тайёркунда барои тахсил дар донишгох аз тарафи шуъбаи корхои хоричии донишгох дода мешавад. Намояндагони низ хамин шуъба ба Шумо бо таъмини чои зист ва дигар саволхо кумак карда метавонанд.
  • Баъд аз гирифтани ичозатнома барои иштирок дар курсхо, Шумо бояд суратхисоби шахси дар бонки Олмон (Deutsche Bank – барои ин ба нишонаи электронии бонк: db.student@db.com мактуб навишта, маълумоти муфассалтарро дастрас кунед) кушода, ба он микдори лозимии пулро, ки Сафорати Олмон барои гирифтани раводид (вобаста аз  давомнокии сафар) талаб мекунад, гузаронед.
  • Баъд аз гирифтани даъватномаи расми аз донишгох ва маълумотнома оиди кушодани суратхисоб аз бонк, Шумо метавонед хуччатхои лозимиро ба Сафорати Олмон барои гирифтани раводиди тахсили супоред.

Дар Олмон ба гайр аз донишгоххо як катор мактабхои шахсии омузиши забон фаъолият менамоянд. Маълумотро дар бораи онхо тахти сахифахои зерин дастрас намудан мумкин аст:

Дар Маркази иттилоотии DAAD Шумо метавонед брошюрахоро бо маълумоти муфассал оиди курсхои тобистона дар донишгоххои Олмон дастрас намоед. Муваффакият!

Au Pair

Калимаи франсави буда, маънояш уносибати дутарафа" аст. Бо барномаи Au pair чавонон метавонанд 1 сол дар хоричи кишвар дар оилаи хоричи зиндаги карда, ба тарбияи кудакони онхо ёри расонанд, забон ва урфу одати он кишварро омузанд.    

Талабот барои  Au pair барнома дар Олмон:
-Синну сол  аз 18 то 25
-
Донистани забони олмони
-Омуда будан дар оилаи хоричи зиндаги кардан ва бо тарбияи кудакони онхо ёри расондан

Баъзе шуъбахои агенти:

www.aupair-gv.de 
E-Mail: info@aupair-gv.de

www.au-pairs.de  
E-Mail: hambloch@au-pairs.de

www.au-pair-vij.org
E-Mail: au-pair@vij.de

www.apsev.de
E-Mail: info@apsev.de

www.link2gether.de
E-Mail: info@gether.de

Барои сифати хизматрасонии ин шуъбахои агенти DAAD чавобгу нест.

DUO - омузиши забони олмони дар режими онлайн барои тахсил ва тадкикот

DUO, яъне Deutsch-Uni Online. Бо DUO Шумо метавонед дар режими интерактиви забони олмониро омузед. Бехтарин методхои омузиши забон ба Шумо имкон медиханд, ки дониши мукаммали забони олмони пайдо кунед, ки он на танхо дар кори ояндаи Шумо, балки дар Олмон хам лозим хохад шуд.
Иттилооти бештар тахти www.deutsch-uni.com

Курсхои забони олмони бо "Мавчи Олмон" 
      Мавчи Олмон / www.dw-world.de

Бо забони олмони?

Чаро не!

 

Deutsch

a. Навомузон

http://www.dw-world.de/dw/0,1595,2163,00.html

b. Идомадихандагон

http://www.dw-world.de/dw/0,1595,2164,00.html

c. Забони олмони дар сохаи иктисодиёт

http://www.dw-world.de/dw/0,1595,2203,00.html

d. Иттилоот

http://www.dw-world.de/dw/0,1595,2146,00.html

Иттилооти охиста гуфта шуда

http://www.dw-world.de/dw/0,1595,8030,00.html

Мавзуъхо бо лугатхояш

http://www.dw-world.de/dw/0,1595,8031,00.html

Форси

http://www2.dw-world.de/persian/

Руси

http://www.dw-world.de/dw/0,1595,2559,00.html

Deutsche Lernmaterialen/Bücher

Deutsch-warum nicht?

Wieso nicht?

Marktplaz-Deutsche Sprache in der Wirtschaft

Имтихонотхои Забони Олмони
Тести забони олмони OnDaF

Акнун Шумо метавонед тести нави забони олмониро дар Маркази Иттилоотии DAAD супоред. Тест ба таври онлайн бо тарики интернет супорида мешавад, ки барои ин Шумо бояд дар сахифаи www.ondaf.de номнависи кунед ва баъдан ба Маркази Иттилоотии DAAD мурочиат намоед.
Намунаи тестро Шумо метавонед тахти сахифаи зерин дастрас намоед:

http://www.deutsch-als-fremdsprache.de/ctest/ctestallg.txt.php3
TestDaF                                                                                                          

имтихоноти маркази ва стандартикунонидашудаи забони олмони хамчун забони хоричи барои
- донишчуёне, ки тахсили худро дар донишгоххои Олмон давом додан мехоханд ва аз хамин сабаб дониши забони олмониро бояд тасдик намоянд;
- донишчуёне, ки дар кишвари худ дониши забони олмониашонро тасдик намудан мехоханд;
- олимоне, ки дар донишгоххои Олмон тадкикотхо гузарониданианд ва дониши худро санчидан мехоханд;
- хама, ки барои фаъолияти кори ва илмии худ дарачаи дониши забони олмониро санчидан мехоханд;
- донишчуёне, ки баъд аз хатми барномаи тахсили дар донишгоххои Олмон сертификат-тасдикномаи дониши забони олмониро дастрас намудан мехоханд.
Имтихоноти TestDaF-ро дар Маркази Иттилоотии DAAD дар Душанбе супоридан мумкин аст.

Имтихонотхои оянда дар соли 2012:

T055 - 09.02.2012
Дархостсупори барои иштирок: 15.11.2011–12.01.2012
T056 - 26.04.2012
Дархостсупори барои иштирок: 23.02.2012–29.03.2012
T057 - 14.06.2012
Дархостсупори барои иштирок: 19.04.2012–17.05.2012
T059 - 20.09.2012
Дархостсупори барои иштирок: 26.07.2012–23.08.2012
T060 - 13.11.2012
Дархостсупори барои иштирок: 18.09.2012–16.10.2012

Дархост барои иштирок тарики онлайн тахти
www.testdaf.de

Test für Ausländische Studierende
Test for Academic Studies
Тест барои Довталабони Хоричи

TestAS имтихоноти маркази ва стандартикунонидашудаи санчиши дониши умуми барои донишчуён ва довталабони хоричи мебошад. TestAS ба довталабони хоричи имконият медихад, ки мавкеи худро нисбат ба дигарон муайян кунанд. Ба гайр аз ин, сертификати TestAS имконияти дохилшавиро ба донишгоххои Олмон баланд мебардорад.

Дар тамоми чахон TestAS аввалин маротиба соли 2007 гузаронида шуд. Низ аз хамин сол сар карда,  аксари донишгоххои Олмон сертификати TestAS-ро хангоми дохилшави хамчун хуччати асоси барои муайян кардани дониши довталаб кабул мекунанд.
Дар Точикистон
TestAS-ро дар Маркази Иттилоотии DAAD супоридан мумкин аст.
Намунаи машкхои
TestAS: http://www.testas.de/de/modellaufgaben.htm

Weitere Informationen...

Имтихонотхои Пажухишгохи ба номи Гёте дар ш.Тошкант дар SLZ-Душанбе

 
Имтихони Start 1
 
Намунаи Start 1:
 
Машкхо оид ба Start 1:
http://www.goethe.de/mmo/priv/3160134-STANDARD.pdf

Тамос:
slz.duschanbe@gmail.com
http://
www.slz-duschanbe.tj/

Tel.:
 +(992 37) 227 4002
Сурога: кучаи. ак. Рачабовхо 15, (собик идораи ACTED) - ру ба руи бинои стоматологияи кудакона, Донишгохи техникии Точикистон
 

 
 
Kontakt © DAAD